Хабар

Ҷамолиддин Абдуллоев медали биринҷии чемпионати ҷаҳонро ба даст овард

Ҷамолиддин Абдуллоев дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасон, ки дар Сантягои Чилӣ ҷараён дорад, дар вазни -66 кило сазовори медали биринҷӣ гардид.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон: имрӯз дар баъзе минтақаҳои кишвар боди шадид мевазад ва чангу ғубор ба амал меояд

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 11 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва вазидани боди шадиду чангу ғубор пешгӯӣ карда мешавад.

Тағйири мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА

Федератсияи умумиҷаҳонии футболи ҷаҳонӣ  (FIFA) имрӯз 10-уми август   раддабандии нави мунтахабҳоро нашр кард. Дастаи миллии Тоҷикистон дар ин феҳрист ду зина поён шуда, бо касби 180 имтиёз дар зинаи 151-ум мавқеъ пайдо кардааст. Дар раддабандии нав ҳамчунин мавқеъи  дастаи  пешсаф низ дигар шудааст.

Страницы