Ифтитоҳи Мактаби №16 дар деҳаи “Роҳи нав”-и ноҳияи Дӯстӣ
Опубликовано чт, 17/08/2017 - 13:32 пользователем adminИмрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва ҷавонони ноҳия бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.


Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри самаранок ва пайваста рушду инкишоф ёфтани фаъолияти минбаъдаи соҳаи фарҳанги мамлакат ва муассисаҳои давлатии фарҳангӣ, инчунин ҷиҳати омодасозии кадрҳои эҷодӣ барои фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳангу санъат Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон таъсис дода шуд.