Хабар

Рӯзҳои наздик дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, борони шиддатнок, хокбориш ва чангу ғубор дар назар аст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 27 то 30 апрели соли 2017 дар қаламрави мамлакат ҳаво номусоид гардида, ҳарорат якбора паст мешавад. Борон дар баъзе ҷойҳо бо шиддат меборад.

Чаро нархи картошка дар мамлакат боло рафт?

Моҳҳои охир болоравии нархи картошка вусъат ёфта, ин ҳолат аҳолии кишварро нигарон намудааст. Тавре маълум аст, дар аввали моҳи апрел нархи картошка то ба 5 сомониву 50 дирам ва 6 сомонӣ расид. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо мақсади пайгирии масъалаи мазкур аз бозорҳои пойтахт дидан намуд.

Дар Суғд дар майдони беш аз 40 ҳазор гектар пахта кишт шуд

Дар вилояти Суғд  корҳои кишти пахта рӯз аз рӯз вусъат мегиранд.

Тавре ки ба АМИТ «Ховар»  аз Идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, ҳоло кишти пахта дар 7 ноҳияи пахтакори вилоят, чун Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод идома дошта, дар майдонҳои кишти пахта тухмиҳои маҳаллии  «Хуҷанд-67», «Ориён», «Неъмат», ҳамчунин тухмиҳои навъи воридотии хориҷӣ, аз қабили  «Синюйсза-39», «Флеш», «Флора» ва  «ДП-5111» кишт мешаванд.

Страницы