Дар Душанбе ҷашни Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷараён дорад
Опубликовано сб, 15/04/2017 - 14:19 пользователем tvt
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Дар боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Боғи Рӯдакӣ», «Кӯли ҷавонон» ва майдони 800-солагии Москва сайругашти оммавии сокинон ва меҳмонони шаҳр идома дорад.


Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддии роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 14 апрели соли 2017 «Дар бораи ҷудо намудани маблағ» ба тасвиб расид.
Дар шаҳри Москва 13 апрел даври навбатии машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат гузаронида мешаванд, доир гардид.