Хабар

7 апрел- Рӯзи байналмилалии саломатӣ: шиори имсолаи он — «Депрессия: биёед гуфтугӯ мекунем!»

Шурӯъ аз  соли  1950 дар саросари ҷаҳон 7 апрел ҳамчун  Рӯзи байналмилалии саломатӣ ҷашн гирифта мешавад. Бояд зикр намуд, ки ин сана ҳамасола ба мавзӯъҳои гуногун бахшида шуда, имсол   таҳти   шиори «Депрессия (афсурдаҳолӣ): биёед гуфтугӯ мекунем!»   доир мегардад.

Ҳиндустону Покистон низ ба СҲШ пазируфта мешаванд

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон гуфтааст, дар саммити Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) интизор меравад, Ҳиндустону Покистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи созмони мазкур пазируфта шаванд.
Дар ин бора Назарбоев дар мулоқот бо котиботи шӯрои амнияти СҲШ дар Остона хабар додааст.

Имрӯз бозиҳои интихобии даври сеюми Ҷоми Осиё-2018 оид ба футбол байни бонувон доир мешаванд

Имрӯз бозиҳои интихобии даври сеюми Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «А», ки дар шаҳри Душанбе идома доранд, гузаронида мешаванд. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон дар соати 16:00 бо дастаи мунтахаби Филиппин, ки дар ду бозии пешинааш ба ғалаба комёб шудааст, вориди рақобат мешавад.

Страницы