Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд
Опубликовано пт, 24/03/2017 - 19:47 пользователем tvt24 марти соли 2017 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кори баҳорӣ ва кишти такрорӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.


Дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” шинос шуданд.
Дирӯз дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2017» ва иди байналмилалии Наврӯз баргузор гаридид.