«Ҷавонон–ояндасози Ватан»- мусобиқаи тенниси рӯи миз
Опубликовано сб, 11/03/2017 - 18:53 пользователем admin
Дар Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз таҳти шиори «Ҷавонон – ояндасози Ватан» мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба тенниси рӯи миз доир гардид. Дар ин мусобиқа кормандони Сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, РВКД дар шаҳри Душанбе ва ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат


Имрӯз бахшида ба ҷашни 105-солагии матбуоти тоҷик дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш Хайруллои Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо ҷашни касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки матбуоти тоҷик дар ҷомеа нақши муассир дошта, пешравию муваффақият ва дастовардҳои замони истиқлолиятро инъикос менамояд.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва гурӯҳи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.