Шаҳри Душанбе дар раддабандии ширкати машҳури амрикої «Mastercard» сазовори ҷойи аввал гардид
Опубликовано вт, 31/01/2017 - 15:02 пользователем tvt
Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) шаҳрҳои аз нигоҳи туризм ояндадор ҷои аввалро соҳиб шуд. Ин раддабандиро маҷаллаи сайёҳии «34travel” бар асоси таҳқиқоти ширкати машҳури амрикоӣ «Mastercard» таҳия кардааст.


Бо мақсади таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Азот» Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хэнан Чжун-Я Гурӯҳи Холдингӣ»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба имзо расидааст.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар соли 2017 «Феҳристи ягонаи истилоҳоти соҳавии забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Фарҳанги талаффузи сареҳ» ва «Қоидаҳои аломатҳои китобатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод намояд.