Дар интихоботи президентии Ӯзбекистон қариб 18 миллион нафар овоз доданд
Опубликовано пн, 05/12/2016 - 13:30 пользователем tvtҲозиршавӣ дар интихоботи президентии Ӯзбекистон 87,83 дарсадро ташкил дод. Дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзо-Улуғбек Абдусаломов хабар дод.
Ҳамин тариқ, аз теъдоди умумии интихобкунандагон (20 миллиону 428 ҳазору 891 шаҳрванд) 17 миллиону 941 ҳазору 955 нафар шаҳрванд дар интихобот иштирок карданд.
Натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ имрӯз эълон хоҳанд шуд.