Шиносоии Сарвари давлат аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар
Опубликовано чт, 25/08/2016 - 11:11 пользователем adminДар ноҳияи Бохтар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии ёрирасони тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидов шинос шуд.
Ин хоҷагии тухмипарварӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008, ҳамчун хоҷагии зертобеъи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ресандаи Қурғонтеппа» таъсис дода шуда, алҳол дар тавозуни он 4 ҳазору 394,3 гектар замини корами обӣ мавҷуд мебошад.