Хабар

Имрӯзу пагоҳ аз сайругашт зери нурҳои офтоб худдорӣ намоед!

Вазъи ҳаво дар чанд рӯзи охир дар ҷумҳурӣ тағйирёбанда боқӣ монда, гузашти абрҳо ва боронҳои кӯтоҳмуддат дар минтақаҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.
Тибқи иттилои кормандони Агентии давлатии обуҳавошиносии кишвар,  рӯзҳои 8 ва 9-уми июл дар баъзе минтақаҳои кӯҳии кишвар боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯйӣ мешавад.

Теъдоди қурбониёни таркишҳо ва тирпарронӣ дар шимоли пойтахти Ироқ ба 35 нафар расид

Теъдоди қурбониёни тирпарронӣ ва силсилатаркишҳо дар шаҳри Балади шимоли Бағдод ба 35 нафар расида, на кам аз 60 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора агентии «Рейтер» бо истинод ба манбаъ аз хадамоти амнияти маҳаллӣ хабар медиҳад.
Чанде пеш дар бораи 30 қурбонӣ ва 52 захмишуда иттилоъ дода мешуд.

Имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ идома дорад

Якуми июли соли равон имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои интихобии ҷумҳурӣ оғоз гардида, барои довталабон тамоми шароитҳои лозима фароҳам оварда шудааст.

Страницы