Расонаҳо аз кушиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия хабар медиҳанд
Опубликовано сб, 16/07/2016 - 09:06 пользователем tvtибқи хабарҳои расонаҳои иттилоотии Ҷумҳурии Туркия ва Федератсияи Русия шаби 15 ба 16 июли соли равон дар Туркия аз тарафи як гурӯҳ ҳарбиён кушиши анҷом додани табаддулоти давлатӣ сурат гирифтааст.
Аз ҷумла агентии «Anadolu» дар бораи ба ҳалокат расидани 17 кормандони пулис дар назди ситоди марказии неруҳои таъиноти махсуси Туркия хабар додааст. Нашрияи «Hürriyet» оид ба тирпаронии ҳарбиён ба сӯи издиҳоми одамон, ки ҷониби купруки Босфор ҳаракат доштанд иттилоъ пешкаш кардааст.


Дар ҷаласаи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрван