Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Опубликовано пн, 31/03/2025 - 12:01 пользователем tvtДУШАНБЕ, 31.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 31 март Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.

