Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонон дар Булғористон ширкат меварзанд
Опубликовано сб, 06/08/2022 - 11:25 пользователем tvt
ТВТ.06.08.2022. Аз 15 то 21 август дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад. Дар он се нафар гӯштингирон аз Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.


ТВТ.06.08.2022. Аз 10 то 14 август дар Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали XIII байналмилалии ҳунарҳои сирки «Акси садои Осиё» («ЭХО Азии») баргузор мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон ҳунарманд Мастона Собирзода ва Директори Сирки тоҷик Бахтиёр Раҳматуллозода иштирок мекунанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори Сирки давлатии Тоҷикистон
ТВТ.06.08.2022. Аз аз 5 то 8 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.