Дар Теҳрон ҳамоиши сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Опубликовано вт, 14/06/2022 - 09:23 пользователем tvt
ТВТ. 14.06.2022. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон 9 июн ҳамоиши сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид.


ТВТ. 14.06.2022. 13-уми июн муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим нусхаҳои эътимодномаҳои Сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Индонезия ва Шоҳигарии Таиланд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Доктор Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон ва Чачаван Сакорнсинро қабул кард.
ТВТ. 14.06.2022. Кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) суръати мусбати рушдро нигоҳ медоранд, аз ин рӯ, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ, таназзул мушоҳида намешавад. Дар ин бора 10 июн раиси Кумитаи иҷроия, дабири иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев хабар дод.