Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market -2022» муаррифӣ гардид
Опубликовано ср, 11/05/2022 - 15:18 пользователем tvt
ТВТ: 11.05.2022. Намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 ширкати сайёҳии ватанӣ имконияти сайёҳии Тоҷикистонро бори нахуст дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market -2022», ки аз 9 то 12 май дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён мегирад, муаррифӣ доранд.


ТВТ. 11.05.2022. 10 май вохӯрии фосилавии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) хонум Армида Салсия баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
ТВТ. 11.05.2022. Дар Девони Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов доир гардид.