Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад
Опубликовано ср, 10/11/2021 - 12:57 пользователем admin
Аз 15 то 20 ноябр дар Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.


Вакилони Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон лоиҳаи қонун «Дар бораи тасвиби Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи расонидани кумаки ҳарбию техникии ройгон»-ро тасдиқ намуданд, иттилоъ дод имрӯз Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ».
Дар масири роҳи мошингарди Душанбе — Чанок, аз километри 51 то 160 бориши барфу борон идома дошта, туман фаромадааст. Кормандони Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳро пайваста аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд.