Ба Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ 16 номгӯй маводи дорувории зиддихимиявӣ кумак карда шуд
Опубликовано чт, 11/11/2021 - 09:52 пользователем admin
Ба Маркази миллии ҷумҳуриявии саратоншиносӣ 16 номгӯй маводи дорувории зиддихимиявӣ ба маблағи 1 миллиону 651 ҳазор доллар кумак карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуот ва таҳлили дастгоҳи КИМ ҲХДТ.


10 ноябр дар шаҳри Париж дар ҳошияи иҷлоси 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов барпо гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, аз 12 то 14 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 14 нафар – 7 нафар дар самбои варзишӣ миёни мардҳо, як нафар миёни бонувон ва 6 нафар дар самбои размӣ ширкат мекунанд.