Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
Опубликовано пт, 17/09/2021 - 20:57 пользователем adminПас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Дар мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Имрӯз Раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ мулоқот намуд.