Суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 – солагии истиқлоли давлатӣ
Опубликовано ср, 08/09/2021 - 14:38 пользователем admin
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад.


Имрўзҳо мардуми шарифи Ватани азизамон бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил ва ойини бостонии миллӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.