Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Опубликовано вт, 22/06/2021 - 09:23 пользователем admin
27 июни соли равон, соати 17:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Эрон, Озарбойҷон ва Қувайт иштирок мекунанд.


Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.