Дар вилояти Суғд нафарони дар ақибгоҳи ҶДҶ хизматнамуда аёдат шуданд
Опубликовано пт, 07/05/2021 - 13:54 пользователем admin
6 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода нафарони дар ҷабҳаи ақибгоҳи Ҷанги дуюми ҷаҳон хизматнамударо аёдат карданд.


Зиёда аз 5 сол мешавад, ки сокинони шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба мушкили нарасидани оби нӯшокӣ дучоранд. Имрӯзҳо мардуми маркази ноҳияи Нуробод барои таъмини хонаводаҳояшон бо оби нӯшокӣ ба воситаи мошинҳои обкаш оби тоза харидорӣ менамоянд ё бо дигар воситаҳо аз беруни маркази ноҳия оби нӯшокӣ меоранд.
5 май дар Теҳрон мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон Амирҳусайни Замониниё баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.