Зиёда аз 184 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Восеъ бо оби тоза таъмин мешаванд
Опубликовано вт, 16/03/2021 - 12:49 пользователем admin
Зимни татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунӣ дар деҳот ва беҳдошт дар ноҳияи Восеъ моҳи декабри соли 2020 сохтмони маҷмааи обтаъминкунӣ барои деҳаҳои ноҳия оғоз ёфт. Айни замон дар Ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи мазкур аллакай 56 фоизи корҳои сохтмону васлкунӣ ба анҷом расидаанд.


Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барои хонандагони имконияташон маҳдуд барномаи фарҳангӣ доир намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими Абдуқаҳҳор иттилоъ дод.
15 март Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҷараёни хизматрасонии тиббӣ ва корҳои таъмирии беморхонаҳои марказии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд.