Вазири маориф ва илм ва Сафири Украина дар Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории илмиро баррасӣ карданд
Опубликовано ср, 24/02/2021 - 14:25 пользователем admin
Шумораи зиёди кормандони соҳаи тиб ва олимону донишмандон рисолаҳои илмии худро дар Ҷумҳурии Украина ҳимоя карда, ҳоло дар дохили мамлакат фаъолияти назаррасу судманд доранд.


Маркази тиҷорати байналмилалӣ барои 34 нафар мутахассисони корхонаҳои дӯзандагии Тоҷикистон зарфи шаш рӯз давраҳои омӯзишӣ доир ба беҳтар намудани фаъолияти чеварон ва баланд бардоштани сатҳи маҳсулнокии кори онҳоро баргузор менамояд. Ин мутахассисон дар оянда ба ҳайси мураббӣ донишҳои андӯхтаашонро ба ҳамкоронашон талқин менамоянд.
24-26 феврал дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. 24 феврал борон борида, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад. 25 феврал дар ноҳияҳои водигию доманакӯҳӣ борон бо гузариш ба барф борида, 26 феврал дар бештари ноҳияҳо барф меборад. 25 феврал ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-14 дараҷа паст мешавад.