Хабар

Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави троллейбусии №9 ба фаъолият оғоз менамояд

Аз 28 январи соли 2021 хатсайри нави троллейбусии №9 (Корхонаи равғанбарорӣ-маҳаллаи Обшорон)  ба фаъолият оғоз менамояд. Дар хатсайри мазкур троллейбусҳои  замонавӣ тавассути хиёбону кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Саъдии Шерозӣ ҳаракат менамоянд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд

Дар шаҳри Турсунзода корхонаи коркарди партовҳои полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд. Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то як тонна партовҳои полиэтилениро коркард менамояд.

Парандагонро аз сардиҳои зимистон ҳифз менамоем

Бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон аз сардиҳои фасли зимистон аз ҷониби Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросони  вилояти Хатлон дар минтақаи  кӯҳии Куйбишеви ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ корҳои биотехникӣ гузаронида шуда, 200 килограмм хӯроки дурушти чорво ва 150 кг гандум  дар кӯҳу пуштаҳо пош

Страницы