Хабар

COVID-19. Дар Тоҷикистон 94,7% гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 19 ноябр ба 11772 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон мулоқот намуд

17 ноябр дар Тошканд мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фарҳод Арзиев баргузор шуд.

Мулоқоти видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид

19 ноябр ба манзури омодагӣ ба Форуми 13-уми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 25 ноябри соли 2020 дар Сеул дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад, мулоқоти видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея барпо шуд.

Страницы