ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВО ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Опубликовано пн, 16/11/2020 - 14:55 пользователем admin2
Имрӯз, 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.


