Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон — муаррифи Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ
Опубликовано пн, 16/11/2020 - 16:59 пользователем admin2
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаи сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист.


Имрӯз, 16 ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва дар таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон марҳилаи муҳиму созанда ва сарнавиштсоз оғоз гардид.