Хабар

Дар Суғд ғолибони мусобиқаи волейбол байни донишҷӯён муайян шуданд

Бо ташаббуси Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Федератсияи волейболи Тоҷикистон мусобиқаи даставии волейбол, ки байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии вилояти Суғд ташкил шуда буд, ба охир расид. Дар ин бора аз Федератсияи волейболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд

Футболбозони тоҷик дар Дубай бо дастаҳои мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн бозии рафиқона доир мекунанд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон 7 ноябр бо дастаҳои  мунтахаби  Баҳрайн ва 12 ноябр бо дастаи мунтахаби Аморати Муттаҳидаи Араб бозии рафиқона доир мекунад. Ҳарду рақобати шогирдони Усмон Тошев дар меҳмонӣ дар шаҳри Дубай сурат мегиранд.

Иҷлосияи 32-юм ва Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) ба таври онлайн ҷараён дорад

Аз  2 то 4 ноябр Иҷлосияи 32-юм ва Конфронси минтақавии  Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ  тариқи бархат (онлайн) баргузор гардида истодааст, ки дар он муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иштирок намуда, сухан гуфт.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд.

Страницы