ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Суғд қариб 10 ҳазор иншоот бунёд ва таҷдид мешаванд
Опубликовано чт, 22/10/2020 - 13:34 пользователем admin2
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёд ва таҷдиди қариб 10 ҳазор иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.



Шабакаҳои барқи минтақаи Рашт то имрӯз тамоми иншооти барқиро дар ноҳияҳои Сангвору Лахш, Тоҷикободу Рашт ва Нуробод аз таъмири асосӣ бароварда, миқдори муайяни таҷҳизоти зарурӣ захира карда, инчунин дар панҷ ноҳия 6 адад трансформатори пурборро ба трансформаторҳои иқтидорашон баланд иваз намуданд.