Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Опубликовано вс, 11/10/2020 - 12:41 пользователем admin
11 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳи худ овоз доданд.



Аз соати 06:00 то соати 09:00 дар саросари мамлакат 1 млн 23 ҳазору 430 нафар ё 20,70% интихобкунандагон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, ба номзадҳои арзандаи худ овоз доданд.