Хабар

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Офтобак» дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

. 1 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар деҳаи Элоки шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии “Офтобак”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон соли 2017 оғоз гардида, дар давраи сохтмон қариб 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи замонавии Хоҷагии деҳқонии «Отаҷон»-ро дар ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуданд

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Отаҷон”-ро, ки сохтмони он соли 2017 оғоз гардида, имсол ба анҷом расонида шуд, ба истифода супурданд.

Гармхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳом Отаҷонов дар масоҳати 0,40 гектар бунёд гардида, дар он 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва Гимназияи хусусии «Ҳиммат»-ро дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди истифода қарор доданд

Страницы