Хабар

ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН. Ҳайати кишвари ҳамсоя таҳти роҳбарии Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар Душанбе қарор дорад

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Сарвазири ин кишвар Абдулло Орипов ба Душанбе омад. Ба ҳайати мазкур як гурӯҳ вазирон, роҳбарони кумитаҳои давлатӣ, муовинони вазирон, инчунин роҳбарони ширкатҳои пешрафтаи Ӯзбекистон шомиланд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Сино ифтитоҳ намуданд

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Шифохонаи марказии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Клуби варзишии «Парвиз Собиров»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Страницы