Хабар

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд

Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва 1 фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ҳавзи моҳипарвариро дар ҶДММ «Рахшона» мавриди истифода қарор доданд

Дар ноҳияи Ашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзи моҳипарвариро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рахшона» мавриди истифода қарор доданд.

Масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад. Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як 1 гектар 2,5 ҳазор моҳӣ ва дар ҳамаи ҳавзҳо 101,8 ҳазор моҳӣ мебошад.

Страницы