Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» оғози расмӣ бахшиданд
Опубликовано вс, 13/09/2020 - 13:43 пользователем admin213 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ҳамчунин ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ҷасур» дар шаҳраки Зафаробод оғози расмӣ бахшиданд.
Дар фабрикаи парандапарварии ҶСК «Ҷасур» парвариши чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

