«Шарҳи парчам дар фарҳангҳо», «На чу дирӯза ба як қоида такрор шавем» — шарҳи матбуот
Опубликовано чт, 23/11/2017 - 15:05 пользователем admin
Дар рубрикаи «Сухани рӯз» нашрияи «Ҷумҳурият» (20.11.2017, №236-237) суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чоп кардааст: «Бо ифтихор иброз медорам, ман ба иродаи қавӣ, неруи созанда ва хиради азалии мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам. То имрӯз ҳар коре, ки анҷом додем, ба хотири адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан – Модар буд ва минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва саъю талоши худро дар ин роҳ бедареғ сарф хоҳем кард». Мавриди зикр


Имрӯз бахшида ба ҷашни 105-солагии матбуоти тоҷик дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиш Хайруллои Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо ҷашни касбӣ табрик намуда, иброз дошт, ки матбуоти тоҷик дар ҷомеа нақши муассир дошта, пешравию муваффақият ва дастовардҳои замони истиқлолиятро инъикос менамояд.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд ва гурӯҳи кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоят бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.