ҲУШДОРИ ШИРКАТИ IRS: «Боришоти бардавоми барф идома дорад ва ронандагон бе омодагии ҷиддӣ ба сафар набароянд»
Опубликовано чт, 15/02/2018 - 16:31 пользователем tvt
Тайи чанд рӯзи охир дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, алалхусус аз километри 47 то 160-уми он боридани барф идома дорад. Новобаста аз боришоти бардавоми барф ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мазкур таъмин аст.


Бар асари боришоти пай дар пай субҳи 15 феврал роҳҳои мошингард аз шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияҳои Ишкошим- Рӯшон- Шуғнон баста шуданд. Навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мансур Додихудоев гуфт, ки «ҳоло роҳи мошингарди маркази вилоят танҳо ба самти ноҳияи Роштқалъа боз аст.