Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»
Опубликовано вт, 23/01/2018 - 13:29 пользователем tvt
16 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармонро «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расониданд.


Ба КВД «Тоҷиксуғурта» соли 2017 дар хусуси он ки гӯё кормандони ин корхона шаҳрвандонро барои суғурта кардани манзилҳои истиқоматияшон маҷбур намуда бошанд, ягон муроҷиати шаҳрвандон ворид нашудааст. Ин дар ҳолест, ки суғурта кардани манзил ихтиёристу касе ҳаққи маҷбур кардан надорад.
1 январ дар Аморати Шарҷаи Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бо ташаббуси Сафорат, Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дубай ва дар ҳамкорӣ бо Департаменти фарҳангии Шарҷа ва Институти Шарҷа оид ба мерос бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 “Ҳафтаи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон” оғоз гардид.