Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Опубликовано сб, 13/01/2018 - 11:20 пользователем tvtФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса
озод намудани Назаров Ҳ.Т.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Назаров Ҳомидҷон Темурович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса озод карда шавад.


Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи ҲОУП дар шуъбаи шакли мутобиқгаштаи сили кӯдаконаи муассисаи давлатии Маркази миллии бемориҳои силу шуш ва ҷарроҳиҳои қафаси сина барои кӯдакони гирифтори бемории сил гӯшаи дарсӣ боз карда шуд.
Имрӯз, 13 январ дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри бебориш гашта, туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.