Ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе—Кӯлоб—Хоруғ барқарор гардид
Опубликовано ср, 10/01/2018 - 11:08 пользователем tvt
Тавре қаблан хабар дода будем, дар пайи боришоти 8 январи соли равон дар километри 225-уми роҳи мошингарди Душанбе—Кӯлоб—Хоруғ, дар мавзеи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин резиши санг ба амал омад. Бар асари ин офати табиӣ ҳаракат дар ин шоҳроҳ муваққатан қатъ гардид.


Шурӯъ аз 8 январи соли равон бо мақсади шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани нуктаҳои асосии он дар шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, вилояти Суғд низ аз ҷониби гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинон вохӯриҳо оғоз гардиданд.
Барномаи ҷолиби ҳунармандони Сирки давлатии Ӯзбекистон тӯли чанд рӯз аст, ки дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон рӯзе ду маротиба манзури тамошобинон мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Ҳарчанд аз оғози намоишҳо қариб 10 рӯз гузаштааст, ҳанӯз ҳам талабгорони тамошои барномаҳои сиркӣ хеле зиёданд.