Парлумони Тоҷикистон ба густариши муносибот бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд
Опубликовано ср, 27/12/2017 - 10:03 пользователем tvt
Дирӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббосалӣ Гасановро ба муносибати ба анҷом расидани фаъолияти дипломатияш дар кишвари мо бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.


26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба шаҳри Москва омаданд.
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши нуктаҳои муҳими Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли 2017 пешниҳод гардиданд, ҷаласаи васеъ баргузор гардид.