Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов: «Туркманистону Тоҷикистон дорои имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ мебошанд»
Опубликовано чт, 02/11/2017 - 17:10 пользователем tvt
Тоҷикистону Туркманистон дорои иқтидори бузурги захираҳои на танҳо иқтисодӣ, балки имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ мебошанд. Ин матлабро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов зимни изҳороти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз намуда, сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро намунаи олии ҳамкорӣ дар ин самт номид.


Туркманистон ҳам дар баробари Россия, Чин ва Қазоқистон ба рӯйхати шарикони стратегии Тоҷикистон ворид шуд. Шартнома оид ба шарикии стратегӣ имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон аз ҷониби сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба имзо расид.