Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон ба Тоҷикистон омад
Опубликовано пн, 30/10/2017 - 10:26 пользователем tvt
Ара Баблоян, раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон шоми 29 октябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд, ки меҳмони баландпояро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ ва дигар шахсони масъули дастгоҳи Маҷлиси намояндагон истиқбол намуданд.


Имрӯз, 30 октябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази ташхисӣ — табобатии «Афзал» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.