Варзишгарони қаиқрони тоҷик дар Самарқанд соҳиби шаш медал гардиданд
Опубликовано пт, 26/10/2018 - 09:20 пользователем tvtДастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё, ки дирӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба анҷом расиданд, сазовори 6 медал (2 тилло, 4 биринҷӣ) гардиданд.


Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба унвони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати манъи истифодаи оинаҳои сиёҳшиша дар воситаҳои нақлиётии муассисаву корхонаҳое, ки сарфи назар аз шакли моликияташон дар пойтахт ба мусофиркашонӣ машғул мебошанд, пешниҳод манзур намуд.
Рӯзи 24-уми октябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ташриф оварда, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ариана Металл Пласт», ки дар он асосан истеҳсоли бозичаҳо, дучархаҳои бачагона ва таҷҳизоти маишӣ ба роҳ