21 август гирифти пурраи Офтоб ба амал меояд
Опубликовано пт, 18/08/2017 - 17:29 пользователем tvt
21 августи соли 2017 гирифти пурраи навбатии Офтоб ба амал меояд. Тавре Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иброз дошт, ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқӯъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз мушоҳидачии дар рўи Замин буда мепўшонад, яъне торик мекунад.


Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Отряди сарҳадии «Панҷ» дидан намуда, дар вазъияти тантанавӣ иншооти навбунёди онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як гурӯҳ шоирону нависандагон, роҳбарони гурӯҳҳои фолклорию этнографӣ, бофандагону косибон ва намояндагони қишрҳои мухталифи ҷомеаро, ки аз 21 то 26 август дар Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ширкат мекунанд, ба ҳузур пазируфт.