Гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо аҳолии шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ намуд
Опубликовано ср, 08/08/2018 - 09:46 пользователем tvtДирӯз дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва равияҳои номатлуби замони муосир ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо иштирок доштанд.


Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Икромӣ бо котибони масъули комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёна, олии касбии ҷумҳурӣоид ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон баъд аз тақсимоти Маркази миллии тестӣ ва қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои идомаи таҳсилот ва гирифтани маълу