Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон мақоми 7-умро касб кард
Опубликовано сб, 12/08/2017 - 15:08 пользователем tvt
Дар пойтахти Британияи Кабир шаҳри Лондон Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ҳамоно идома дорад. Дирӯз дар даври ниҳоии гурзандозӣ варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров бо натиҷаи 77.22 метр мақоми ҳафтумро касб кард.


Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» ва «Кӯчаи беҳтарин» гузаронида мешаванд. Қарор дар бораи баргузор намудани озмунҳо аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 11 август ба тасвиб расид.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон ва Соли ҷавонон 12 август дар Кохи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон 3-юмин Анҷумани ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда баргузор мешавад.