Бонки миллии Тоҷикистон омода аст бо Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон ҳамкорӣ намояд
Опубликовано ср, 19/04/2017 - 10:53 пользователем tvt
Бонки миллии Тоҷикистон ба намояндагии Агентии «Ҷайка» (JICA)-и Ҷопон дар хусуси самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муроҷиат намудааст ва ҳамеша барои рушди ҳамкории дуҷонибаи судманд омода аст. Ин нуктаро Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни мулоқот бо Ҳидеки Танабе, роҳбари тозаинтихоби Агентии «Ҷайка»-и Ҷопон баён дошт.


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, суҳбат намуданд.
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум доир гардид.