Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад”
Опубликовано пт, 24/03/2017 - 13:11 пользователем tvt
Дар шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои азнавсозӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Осоишгоҳи “Зумрад” шинос шуданд.


Дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд ташриф оварданд.