Иштироки Пешвои миллат дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт
Опубликовано чт, 02/02/2017 - 13:00 пользователем tvt
Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.


Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа дар назар дошта шудааст.